ФАРМОНДЕҲИ НАВИ ДИВИЗИЯИ ҲАРБИИ 201
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). –Фармондеҳи нави дивизияи ҳарбии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон полковник Сергей Рюмшин таъин гардид. Фармони мазкур 27 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов ба имзо расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ёрдамчии фармондеҳи дивизияи ҳарбии 201-и Русия оид ба таъмини иттилоот капитан Дмитрий Матушкин иттилоъ дод. Тибқи суханони Д. Матушкин С. Рюмшин дар ин вазифа Игор Красинро, ки аз соли 2009 инҷониб дар ин мапнсаб қарор дошт, иваз намуд. «Муддати чанд моҳ буд, ки Сергей Рюмшин вазифаи иҷрокунандаи фармондеҳи дивизияро бар дӯш дошт», — иброз намуд ӯ. Ёдовар мешавем, ки дивизияи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон барои барқарор ва мустаҳкам намудани сулҳ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, дастгирии сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон Афғонистон, ҳамчунин, барои кӯмак расонидан ба қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мустақар шудааст. 16 октябри соли 2004 Созишномаи мубодилаи тасдиқи ҳуҷҷати Шартнома дар бораи мақом ва шароити буду боши дивизияи ҳарбии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ дивизияи 201-и ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ба базаи ҳарбии Русия табдил дода шуд, ки он аз унсурҳои муҳим дар раванди умумии таъмини амнияти минтақаҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Базаи мазкур, ки дар ҳайати худ гурӯҳи ҳавонавардӣ ва се қисми ҳарбӣ дар Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб дорад, қисми ҳарбии калонтарини Русия берун аз қаламрави он ба ҳисоб меравад.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






