ФАРЗАНД АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ Ӯ АЗИЗТАР

Декабрь 29, 2010 15:45

Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шудааст, қонуни саривақтӣ ва муҳим аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» омӯзгори гимназияи №4 –и шаҳри Истаравшан Мавлуда Умарова. Ба андешаи хонум Умарова он давлате, ки доир ба ояндаи насли наврас, хусусан оила, мактабу маориф ғамхорӣ карда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва судманд меандешад, ояндаи дурахшон ва бузург дорад. Мавсуф афзуд, ки барои мо кормандони соҳаи маориф, ки вазифаи асосиамон тарбияи насли наврас ва толибилмон аст, дар мавриди қабул гардидани лоиҳаи қонун он китоби рӯйимизии натанҳо волидайн, балки  омӯзгорон мегардад. Зеро  масъалаҳое, ки ба волидайн ва омӯзгорон  тааллуқ дорад, мо аз он таҷриба мегирем, гуфт М. Умарова. Аллакай мо дар нақшаи кори соли 2011 баъзе нуқтаҳои лоиҳаи қонунро, ки ба омӯзгорон марбут аст, ба эътибор гирифтаем. Дар яке аз моддаҳои лоиҳаи Қонун омадааст, ки бояд фарзандон озод бошанд, озодона фикр намоянд. Зеро дар баъзе мавридҳо ман аз шогирдони худ, ки дар синфҳои болоӣ таҳсил мекунанд, пурсам, ки дар оянда дар кадом донишгоҳ ё макотиби олӣ таҳсилро идома доданӣ ҳастед, онҳо дар ҷавоб мегӯянд, ки ҳоло мо дар ин масъала фикр накардаем, чизе ки падару модар гӯянд мо ҳамонро интихоб менамоем. Аз ин бармеояд, ки хонанда дар назди худ мақсад нагузоштааст, яъне дар интихоби касб озод нест. Вақте дар ин бора бо устодону омӯзгорони мактабҳои олӣ ҳамсӯҳбат мешавем, онҳо низ мегӯянд, ки бачаҳо на бо ихтиёри худ ба донишгоҳ дохил шудаанд, балки бо тавсияи волидайн. Ин аст, ки баъзе донишҷӯён тарки донишгоҳ мекунанд ё ба дигар бахш мегузаранд. Аз хурдӣ бояд ба фарзандон озодандеширо омӯзем, то онҳо дар оянда шахси баркамол ба воя расида,  дар пешрафти ҷомеа нақши муассир ва босазо гузоранд. Вақте ки бача озодона фикрашро баён мекунад, дар ин маврид ӯ дар назди худ мақсад мегузорад ва кӯшиш мекунад, ки ба мароми худ бирасад ва ҳамчун инсони комил дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намояд. Бояд дар ин масъала волидайн диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳамкории онҳо бо мактаб ва омӯзгорон қавӣ бошад, яъне доимо аз вазъи таълиму тарбияи фарзандони худ огоҳ гарданд. Аз ин рӯ, бояд волидайн бо ҷои кор таъмин гардида, маоши хуб гиранд ва он барои оила ва таълиму тарбияи фарзандон кифоя бошад, ироа мекунад М.Умарова. Зеро кӯдак хеле куҷков буда,  мушоҳида мекунад, ки дар оила чӣ гуна рӯзгор ва зиндагӣ ҷараён дорад. Муҳити хонаводагӣ  ба ҷаҳонбинию тафаккур ва одоби бачаҳо таъсири бузург мегузорад.

Декабрь 29, 2010 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад