ФЕСТИВАЛИ «НАВОЗАНДАИ ҶАВОН» БАРГУЗОР МЕШАВАД
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Аз 20 то 24 декабри соли равон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов давраи дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Навозандаи ҷавон» баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 100 нафар навозандагони наврас, аз тамоми муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи мусиқии минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард. Онҳо дар бахшҳои фортепиано, созҳои ториву нафасии аврупоӣ ва миллӣ маҳорати иҷрокунандагии худро нишон медиҳанд. Бояд ёдрас шуд, ки даври аввали фестивал аз 20 ноябри соли равон дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи мусиқии ҳар як шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оғоз гардида буд, ки ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Фестивали мазкур дар доираи барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ бахшида шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи толибилмон ва ҳавасмандгардонии навозандагони наврас, хусусан пайдо кардани истеъдодҳои беҳтарин мебошад. Ҳамчунин, ба ғолибон ва иштирокчиёни фестивал Муассисони фестивал — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» ҷоизаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ таъсис додаанд, ки пас аз ҷамъбасти фестивал қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






