ФЕСТИВАЛИ «НАВОЗАНДАИ ҶАВОН» БАРГУЗОР МЕШАВАД

Декабрь 2, 2010 14:53

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Аз 20 то 24 декабри соли равон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов давраи дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Навозандаи ҷавон» баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 100 нафар навозандагони наврас, аз тамоми муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи мусиқии минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард. Онҳо дар бахшҳои фортепиано, созҳои ториву нафасии аврупоӣ ва миллӣ маҳорати иҷрокунандагии худро нишон медиҳанд. Бояд ёдрас шуд, ки даври аввали фестивал аз 20 ноябри соли равон дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи мусиқии ҳар як шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оғоз гардида буд, ки ғолибон ба даври дуюм роҳхат гирифта буданд. Фестивали мазкур дар доираи барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ бахшида шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани завқи толибилмон ва ҳавасмандгардонии навозандагони наврас, хусусан пайдо кардани истеъдодҳои беҳтарин мебошад. Ҳамчунин, ба ғолибон ва иштирокчиёни фестивал Муассисони фестивал — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон» ҷоизаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  таъсис додаанд, ки пас аз ҷамъбасти фестивал қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.     

Декабрь 2, 2010 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд