ФУРУДГОҲИ ХОРУҒ ЗАМОНАВӢ МЕГАРДАД
Хоруғ, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ният дорад, ки то ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти зиёдро сохта ба истифода диҳад. Тавре роҳбари дастгоҳи мақомот Мансур Гулаҳмадшоев иттилоъ дод, то ибтидои моҳи августи соли оянда гимназияи Президентӣ барои 680 хонанда, хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ барои 200 нафар, бинои Донишкадаи такмили маҳорати касбии омӯзгорони вилоят, бинои истиқоматии 5 ошёна, 2 корхонаи коркарди сангҳои қимматбаҳо ва дигар иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. То рӯзи ҷашн фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Хоруғ пурра таъмир гардида, ба тарҳи ҷаҳонӣ мутобиқ кунонида мешавад. Масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани сокинони маркази вилоят низ то оғози ҷашн ҳалли пурраи худро меёбад. Ёдовар мешавем, ки барои таъмиру таҷдиди пурраи иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 4, 5 миллион доллар маблағ ҷудо намудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






