ГИРДИ ҲАМ ОМАДАНИ РОҲБАРОНИ ҶҲА-И ОМ ДАР ДУШАНБЕ

Декабрь 17, 2010 16:06

Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Мулоқоти навбатии раҳбарони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари  /ҶҲА/ кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 1 то 3 марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Абдулфаттоҳ Шафиев масъули иттилоот ва тамос бо ҷомеаи ҶҲА Тоҷикистон  иттилоъ дод.        Мавсуф афзуд, ки масъалаи омодагӣ барои гузаронидани ин мулоқот дар вохӯрии раҳбарияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ бо намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии Ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,  17 декабр дар Душанбе баррасӣ шуд. Зафар Муҳаббатов, котиби кулли ҶҲАТ гуфт, ки  дар мулоқоти раҳбарони ҶҲА кишварҳои Осиёи Марказӣ,  ҳамчунин, раҳбарону намояндаҳои Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз Русия, Белорус, Эрон, Чин, Афғонистон ва кишварҳои Скандинавия, ки маблағгузорони аслии барномаҳои ҲАТ мебошанд, даъват хоҳанд шуд.     Дар вохӯрии роҳбарияти ҶҲАТ бо намояндагиҳои Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамчунин, Стротегияи шартномаи ҳамкорӣ матраҳ гардид. Инчунин, комиссия ҷиҳати таҳияи ин стратегия ва санадҳои марбут ба он ташкил дода шуд.         Назар Валиев, ҳамоҳангсози барномаҳо дар ҶҲАТ ва Муноҷот Шумқоров, раҳбари шӯъбаи рушди ҶҲАТ  дар мавриди  зарурати таҳияи стратегияи мазкур гуфтанд, ки он дар танзими сиёсати молии ҷамъият, роҳҳои беҳтар кардани ҳамкорӣ миёни шӯъбаҳои маҳаллӣ ва дастгоҳи марказии ҶҲАТ ва ҳамчунин созмонҳои ёрирасони байналмилалӣ ва василаҳои ҷамъоварии маблағ ва сарфи он барои барномаҳои ҶҲАТ нақши муҳимро хоҳад бозид.          ҶҲАТ аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби ҶҲАТ беш аз 20 барнома дар соҳаҳои беҳдоштӣ, коҳиши хатарҳо аз офатҳои табиӣ ва рушди созмонӣ бо пуштибонии молии Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ҷамъиятҳои Салиби Сурхи кишварҳои Скандинавия амалӣ мегарданд.

Декабрь 17, 2010 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»