ГУЛДУХТАРОНИ ҒОЛИБИ «ГУРДОФАРИД»

Декабрь 15, 2010 11:41

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дар раванди ташаккулёбии ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус ҷомеаи Тоҷикистон як қатор омилҳову падидаҳо боиси сар задани андешаву иқдомоти ҷиддӣ мегарданд. Ин аст, ки имрӯз дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мадании кишвар раванди ҷадиди ҷаҳонишавӣ хеле бомаром рушд менамояд.  Барои пурра рафъ намудани ин омил, ки метавонад ба ояндаи фарҳангу тамаддуни миллат халали ҷиддӣ ворид созад, ҳанӯз кафолатҳои илмӣ фароҳам наомадаанд. Аммо аз нигохи илми сиёсатшиносӣ дар раванди ин ҷараён танҳо зиракии сиёсӣ ва волоияти ҳисси худшиносӣ ғолибиятро ба даст меорад.      Бо назардошти ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» ва  Барномаи давлатии «Ҷавонони Тоҷикистон» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эҳё ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҷиҳати ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ миёни донишҷӯдухтарони донишгоҳу донишкадаҳо озмуни маърифатӣ — варзишии «Гурдофарид» — ро таъсис додааст.     Нахустин чорабинии мазкур дар толори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони лаёқатманди макотиби олии пойтахт аз рӯи шартҳои ҷавоб додан ба саволҳои интихобшуда тавассути найзапартоӣ, байтбарак, бозӣ бо мухлисон ва ҷавоб додан ба саволҳои сиёсиву ҳуқуқӣ доир гардид. Мутобиқи талаботи чорабинӣ  ва ширкати фаъолона дар озмун ҷойи аввал ба Ситораи Абдухайр аз ДДЗТ, ҷойи дуюм насиби Сокинаи Хуҷаёр аз ДТТ ва  ҷойи сеюм насиби Ҳалимзода Таманно аз ДМТ гардид.                Дар охир бо ташаббуси ташкилкунандагони чорабинӣ иштирокчиён ва ғолибон бо тӯҳфаҳои рамзӣ сарфароз гардиданд.   

Декабрь 15, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад