ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН

Декабрь 15, 2010 14:30

             Душанбе, 15 ноябр. ( АМИТ  «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Дирӯз  дар   Маркази илмӣ- тадқиқотии  тоҷикон ва форсизабонони  ҷаҳон  маҳфили «Дӯстдорони таърихи тоҷикон ва форсизабонони  ҷаҳон», ки  ба ҷашни  19-умин солгарди   Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Қазоқистон  бахшида шуда буд,  баргузор  гардид. Дар маҳфил  собиқ сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон   Акбаршо  Искандаров, профессор  Абдусаттор Нуралиев,  мушовири  сафири  Ҷумҳурии  Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби  Айтжан  Айдашев  ва инчунин  устодони  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон   ҳузур  доштанд.   Дар маҳфили мазкур  аз тарафи устодон  ва  донишҷӯёни  ДМТ маърӯзаҳо   шунида шуд.  Аз  ҷумла,   суханронии донишҷӯи      факултаи таърих  Меликфаридун  Равшанзод дар мавзӯи «Тоҷикони  Қазоқистон: дирӯз ва имрӯз» ва    устоди  ДМТ  Амриддин  Шарипов дар мавзӯи  «Ҳамкориҳои  Тоҷикистону  Қазоқистон дар замони ҳозира»   хеле пурмӯҳтаво буд.  Дар  маҳфил     зикр гардид, ки ҳамкории  мо  бо Қазоқистон дар самти  фарҳанг, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт  дар ҳоли густариш мебошад.  Дар   ҷамъбасти   ин маҳфил  роҳбари Маркази илмӣ- тадқиқотии  тоҷикон  ва фарсизабонони  ҷаҳон, профессор  Мансур  Бобохонов   суханронӣ  намуда  гуфт, ки  мо ният дорем  минбаъд чунин  вохӯриҳои судмандро     боз ҳам зиёд намоем, зеро баргузории ин гуна маҳфилҳо дӯстии байни ду давлатро мустаҳкам намуда, боиси пешрафту инкишоф мегарданд. 

Декабрь 15, 2010 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад