ХАТҲОИ НАВИ ПАРВОЗ ЗАРУРАНД
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тоҷикистон дар муддати 19 соли истиқлолият дар қиёс бо даврони шӯравӣ аз бисёр ҷиҳат пеш рафт ва ин ба касе пӯшида нест, акнун касе рӯмоли ҷопонию қолинҳои зебои камёбро на дар Санкт- Петербург меҷӯяду на дар дигар бозорҳои Русия. Имрӯз дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба иборае «шири мурғ» -ро пайдо кардан мумкин, — мегӯяд қаҳрамони кори шӯравӣ Ҳасан Гадоев. Аммо чизе, ки аз он чашм пӯшида намешавад аз байн рафтани хатсайрҳои ҳавоии дохили кишвар аст, ки чандин сол боз фаъол нестанд. Ҳамагон хостори онанд, ки роҳи наздику бехатар дошта бошанд ва ин роҳ — роҳи хатсайрҳои ҳавоӣ аст, ки барқарор намудани онҳо тақозои замон ва амри зарурӣ аст. Ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар дар кушодани хатҳои нави парвоз бо давлатҳои Аврупою Осиё бештар таваҷҷӯҳ доранд, ки ин бадӣ надорад, аммо хатҳои парвози дохилӣ, ки минтақаҳои гуногуни кишварро ба якдигар мепайванданд, набояд фаромӯш шаванд. Шояд ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр » ва «Сомон Эйр» дар соли нави милодӣ бо назардошти дархости мардум фикри кушодани хатсайрҳоро дар дохили кишвар аз сар гиранд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






