ИЛМ ДАР АМАЛ

Декабрь 7, 2010 07:55

Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино  ба гуфти президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ оид ба беҳтар намудани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии чорво дар 26 хоҷагии базавӣ амалӣ шуда истодаанд.    Дар корхонаи зотпарварии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон 1260 сар чорвои аз ҷиҳати хусусиятҳои ирсию маҳсулнокӣ манфиатовар, дар соҳаи қутоспарварӣ аз хоҷагиҳои зотпарварии ба номи С. Аслиддинови ноҳияи Ҷиргатол, «Россия» -и ноҳияи Айнӣ ва хоҷагиҳои ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1338 сар чорвои ба гурӯҳи селексионӣ аз ҷиҳати ирсию маҳсулнокӣ ба талабот    ҷавобгӯ барои амалӣ шудани корҳои илмӣ хоста гирифта шуданд.  Олимон баъди гузаронидани корҳои тадқиқотӣ тавсияҳои илман асоснокро барои рушди соҳаи чорводорӣ ба хоҷагиҳои чорводор омода намудаанд.    Доир ба чорвои ширдеҳ дастовардҳои селексионӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияҳои Б. Ғафуров ва «Гулистон» — и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ҷамъияти саҳҳомии «Баракат» ва ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии зотпарварии «Кӯлоб» -и ноҳияи Вахш ва корхонаи зотпарварии «Баракат» — и ноҳияи Ҳисор амалӣ гардиданд, ки аз беҳтарин дастовардҳои олимон дар даҳ соли охир маҳсуб меёбанд.

Декабрь 7, 2010 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад