КИШОВАРЗӢ — САМТИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЁТ

Декабрь 10, 2010 17:02

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Таъмини амнияти  озуқаворӣ  ва рушди  соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои  муҳимтарини иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таъмини босуботи озуқаворӣ ба сатҳи рушди ин соҳа вобастагии зич дорад. Бо дарназардошти ин омилҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи соли 2015 дар вилояти Суғд Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  давраи  то соли 2015  қабул гардидааст.     Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки равандҳои афзалиятноки нақшаи Барномаи мазкур асоси  дурнамои соҳа маҳсуб ёфта, он ба таъмини мавҷудият ва дастрасии озуқа дар асоси рушди устувори бахши аграрӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ғизои солим, таъмини устувори маводи озуқаворӣ равона шудааст.  Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳо кишоварзони вилоят дар бештари самтҳо ба  дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар давоми солҳои 2006-2010 пахтакорон, ғаллакорон, боғу  токпарварон, чорводорон меҳнати шоиста намуданд ва дар  натиҷа дар соли 2010 умед ҳаст, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли гузашта 1,9 маротиба афзуда, он зиёда аз 2,4 млрдро ташкил диҳад. Таҳлили вазъи соҳаи ғаллакорӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки дар соли 2009  истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо ба 262,1 ҳазор тонна расонида шуд, ки он  нисбат ба соли 2006 1,4 маротиба ё худ 70,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба 324,7 ҳазор тонна ва полезӣ 55,4 ҳазор тонна пешбинӣ гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2006 мутаносибан ба 120,3  ва 165,9 фоизӣ баробар гардид. Соҳаи картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани майдони кишти он дар назар дошта шудааст. Ҳамин тавр, дар соли 2009 ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 274,3 ҳазор тонна расонида шуд,  ки суръати афзоиш нисбати баҳодиҳии соли 2006-ум 135,8 фоиз ё худ 72,4 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бо ин мақсад, дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ асосан васеъкунии майдон аз ҳисоби заминҳои ҳосилхез ба амал бароварда шуд. Афзоиши саршумори чорво ва парранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба назар расида, зиёдшавии  саршумори чорвои калони шохдор соли 2009 нисбат ба соли 2006 ба 106,7 ҳазор сар, гӯсфанду буз ба 210 ҳазор сар, парранда  ба 365,5 ҳазор сар расидааст. 

Декабрь 10, 2010 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд