«КОРВОНИ МАЪНАВИЯТ» ДАР ШАҲРИ ҚАЙРОҚҚУМ
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маҳфили «Корвони маънавият» бо ташаббуси Хонаи методии шӯъбаи маорифи шаҳри Қайроққум дар ду моҳ як маротиба, бо навбат дар яке аз мактабҳои шаҳракҳо баргузор мегардад. Корвони навбатӣ ба мактаби таҳсилоти ҳамагонаи № 3-и шаҳраки Консой сафар намуд. Сармавзӯи корвон «Ватанам Тоҷикистон» аст ва дар кори он роҳбарон ва омӯзгорон иштирок менамоянд. Корвон ба маҳфилҳо – «Эҳсон» (муаллимони синфҳои ибтидоӣ), «Ирфон» (муаллимони забони давлатӣ), «Шодон» (муаллимони таълими мусиқӣ ва санъат), «Сорбон» (роҳбарони иттиҳодияҳои методии шӯъбаи маориф), «Мизбон» (қабулкунандагони Корвон) тақсим мешавад ва мувофиқи самти худ фаъолият мебарад. Мавриди зикр аст, ки корвони маънавият маҳсули эҷоди маорифчиёни шӯъбаи маорифи шаҳри Қайроққум аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






