«КОРВОНИ УМЕД» 10 СОЛА ШУД
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нахустин шумораи яке аз ҳафтаномаҳои оммавитарини наврасон «Корвони умед» 27 декабри соли 2000 ба табъ расид, ки он аз меваҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Агарчи ҷарида дар шаҳри Истаравшан нашр мегардад, на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон мухбиру муштарӣ дорад. Ҳафтаномаи «Корвони умед» дар мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии насли наврас, масъалаҳои донишандӯзӣ, равобити илму амал, ҷорӣ кардани технологияи муосир дар мактабҳо, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони варзида саҳми назаррас дорад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мунтазам ҳафтаномаро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ менамояд. Барои соли 2011 низ 500 нафар тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳо аз ҳисоби маблағҳои эҳтиётии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ин ҳафтанома обуна шуданд. Роҳбарият ва аҳли эҷоди Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» роҳбарият ва кормандони ҳафтаномаи «Корвони умед»-ро бо 10-солагии нашри нахустин шумораи ҳафтаномаашон муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбӣ ва дастовардҳои назаррасро таманно доранд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






