КУМИТАҲОИ МАҲАЛЛӢ БУНЁДКОРАНД

Декабрь 2, 2010 11:48

Хоруғ, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Кумитаҳои  маҳаллии  деҳотӣ, ки  як  навъ  ҳокимияти  мардумӣ  ба ҳисоб мераванд, пайваста баҳри ҳалли  масоили муҳими ҳаёти    сокинони   деҳот кӯшиш менамоянд. Сокинони   деҳаи   Намадроҷи  ҷамоати  деҳоти  Тусёни  ноҳияи  Роштқалъаи  ВМКБ  солҳо  боз  аз   норасоии  об  азият мекашиданд. Бо маслиҳат ва  кӯшиши  аъзои кумитаи  маҳалла 8  нафар  ҷавонони  деҳа барои кандани  ҷӯйбор  сафарбар   гардиданд. Ҷавонон тавонистанд,  ки бо  белу   зоғнӯл  дар  давоми  як  моҳ   аз  мавзеъи  Шарвдара ба  Намадроҷ  ба  масофаи  8 км  ҷӯйбор  кананд. Тавассути меҳнати ин ҷавонони баномус ба деҳа об оварда шуд. Бо шарофати соҳиби об гардидани сокинони деҳа акнун  барои  обёрии   заминҳои  кишту  чарогоҳҳо дигар  мушкилӣ пеш намеояд. Бар  замми  ин  дар  навбати  аввал   20  га  замини  навкорам обёрӣ мегардад. Коршиносон  бар онанд, ки  ободию  рушди  деҳоти  кӯҳистон бо  азму талоши аъзои  кумитаҳои  маҳалла, ки нерӯи  асосии   онҳо мардум  аст,  нисбат  ба  имдоди  созмонҳои  байналмилал беҳтару манфиатовар аст.  

Декабрь 2, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад