КУМИТАҲОИ МАҲАЛЛӢ БУНЁДКОРАНД
Хоруғ, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Кумитаҳои маҳаллии деҳотӣ, ки як навъ ҳокимияти мардумӣ ба ҳисоб мераванд, пайваста баҳри ҳалли масоили муҳими ҳаёти сокинони деҳот кӯшиш менамоянд. Сокинони деҳаи Намадроҷи ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ солҳо боз аз норасоии об азият мекашиданд. Бо маслиҳат ва кӯшиши аъзои кумитаи маҳалла 8 нафар ҷавонони деҳа барои кандани ҷӯйбор сафарбар гардиданд. Ҷавонон тавонистанд, ки бо белу зоғнӯл дар давоми як моҳ аз мавзеъи Шарвдара ба Намадроҷ ба масофаи 8 км ҷӯйбор кананд. Тавассути меҳнати ин ҷавонони баномус ба деҳа об оварда шуд. Бо шарофати соҳиби об гардидани сокинони деҳа акнун барои обёрии заминҳои кишту чарогоҳҳо дигар мушкилӣ пеш намеояд. Бар замми ин дар навбати аввал 20 га замини навкорам обёрӣ мегардад. Коршиносон бар онанд, ки ободию рушди деҳоти кӯҳистон бо азму талоши аъзои кумитаҳои маҳалла, ки нерӯи асосии онҳо мардум аст, нисбат ба имдоди созмонҳои байналмилал беҳтару манфиатовар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






