КУМИТАИ АМОНАТГУЗОРОН САНҶИШ ГУЗАРОНД

Декабрь 10, 2010 08:29

   Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вобаста ба ҳодисаҳои ахири ба  фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» алоқаманд, худи муштариёни ширкати мазкур нороҳатанд. Онҳо аз он изҳори норозигӣ доранд, ки дар сурати кашол додани кор оид ба фаъолияти минбаъдаи ширкат талаю тороҷ шудани молу анволи он аз эҳтимол дур нест.    Тибқи санҷиши кумитаи амонатгузорони ширкат, маблағи барои сохтмони манзили истиқоматӣ масрафгардидаи  ширкати «Мовароуннаҳр» 20 млн доллари амрикоиро ташкил додаст. Дар сурати пурра қатъ шудани кор  дар биноҳои сохтмонашон ба анҷом наздики  шаҳракҳои 46 ва Гипрозем барои 130 оила,   иморатҳои сохтмонашон 80 — 90 фоиз анҷомёфта дар  шаҳракҳои 82 ва Гипрозем барои 180 оила ва ҳамчунин иморатҳои сохтмонашон 50 фоиз анҷомёфта, барои 300 оила дар шаҳраки Гипрозем тақдири минбаъдаи ин биноҳо чӣ мешавад?    Базаи техникии  ширкат аз 60 мошин ва 25 крани борбардор иборат аст, ки маблағи он 4,5 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Боигарии ширкат 99 млн. сомонӣ ва ӯҳдадориаш  дар назди муштариён 30 млн. сомонӣ аст.    Ба ақидаи кормандони кумитаи амонатгузорон, дар сурати пардохти ҳамаи қарзҳо,  дар суратҳисоби ширкат 68 млн. сомонӣ боқӣ мемонад, ки он далели   муфлис нашудани ширкат мебошад.    Боис ба ёдоварист, ки чанде пеш роҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуда,  мавриди бозпурсӣ қарор дорад.

Декабрь 10, 2010 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад