ЛОИҲАИ ҚОНУНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЕМ!
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи як гурӯҳ собиқадорони меҳнат ва ходимони ҷамъиятии вилояти Суғд роҷеъ ба дастгирии суханронии Президенти мамлакат оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барқия ирсол гардид, ки дар он омадааст: «Сокинони вилояти Суғд суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷамъомад доир ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ пахш гардид, бо ифтихор ва қаноатмандии том пазируфтанд. Ҳар нукта ва ҳарфи ин суханронӣ дар қалби ҳар яки мо ҷой гирифт. Эътироф бояд намуд, ки ташаббуси Роҳбари давлат доир ба қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» иқдоми навбатӣ дар роҳи табдил додани мамлакат ба кишвари воқеан ҳам тамаддунофару меросбари фарҳанги аҷдодӣ буда, он ба бунёди арзишҳои волои маънавӣ ва ахлоқи накӯи ҷомеа мусоидатгар хоҳад буд. Ҳадафи асосии ин иқдом ташаккули ҷомеаест, ки ҳар як узваш аз арзишҳои умумибашариву умумимиллӣ огоҳа сту дар заминаи он худ ва атрофиён, дар навбати аввал фарзандро чун инсони комил тарбия менамояд. Ин иқдом тасодуфӣ набуда, баръакс, он аз силсилаи тадбирҳои бунёдии давлат ва роҳбарияти ҳукумати мамлакат сарчашма гирифта, ифодаи ғамхорӣ ба ояндаи неки ҷомеа аст. Зимни суханронии пурмўҳтаво Сарвари давлат аз арзишҳою муқаддасот ва осори ғании ниёгони сарфарозамон, ки доир ба тарбияи насли солиму доно ва хушодобу хушрафтор ба мо боқӣ гузоштаанд, ёдовар шуда, доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва арҷгузории фарзандон ба заҳматҳои шабонарўзии волидон андешаҳои ҷолибу омўзанда баён намуданд. Дар суханронӣ моҳияти Қонуни нав, зарурияти қабули он бо тамоми ҷузъиёт муфассал баён гардида, тамоми нозукиҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, омилҳои ба ташаккулёбии инсони комил халалрасон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва эътимоди ҳар як сокини кишварро ба зарурияти қабули ин қонуни муҳим афзуд. Пешниҳоди оқилонаи Президенти мамлакат дар бораи давоми дуюним моҳ муҳокима намудани лоиҳаи қонун моро водор менамояд, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Дониш ва ақлу хиради ҳар яки мо бояд ба мукаммал намудани ин қонун нигаронида шавад, то он минбаъд дар ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ, муносибати калонсолон ва насли наврас, ҷараёни таълиму тарбия нақш ва мавқеи сазовор дошта бошад. Аминем, ки мардуми ҷумҳурӣ дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок намуда, онро дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






