ЛОИҲАИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ

Декабрь 17, 2010 09:38

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ лоиҳаи  Стратегияи давлатии рушди бозорти меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2020 таҳия намуд. Лоиҳаи Стратегия  дар ҳамкории устувор бо вазорату идораҳои ҳавасманд, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ , бо ширкати шарикони иҷтимоӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ таҳия гаардидааст. Ҷараёни таҳияи стратегияи мазкур аз ҷониби лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо тавассути кӯмакҳои ташхиси техникӣ дастгирӣ ёфтааст.    Стратегияи давлатии омодагашта,  ҳуҷҷати сиёсати барномавӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти татбиқшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  то соли 2020 инъикос менамояд.    Зарурияти таҳияи стратегияи мазкурро Барномаи «Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ дар давраи солҳои 2010 — 2012» ва қолиби дигаргунсозии барномавии сиёсат тақозо намудаанд.    Бо мақсади баррасии стратегияи таҳиягашта  дар  Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҶТ бо иштироки коршиносони дохилу хориҷ, мутахассисони соҳа  ва хабарнигорон семинар доир гардид.    Бо мақсади пурра кардани баъзе норасоиҳои дар лоиҳаи Стратегия инъикосёфта то 12 — уми январи соли 2011 баргузории  боз ду семинар пешбинӣ гардидааст  

Декабрь 17, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад