ЛОИҲАИ ТАСҲЕҲИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Декабрь 21, 2010 15:13

Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи  тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе 21 декабри соли 2010  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки дар он роҳбарияти Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кишвар, масъулини  ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Маскав ва намояндагони воситаҳои ахбори омма  ширкат варзиданд.           Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 майи соли 2009 «Дар бораи ҷамъбасти тендери кушод оид ба тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанбе байни шахсони ватанию хориҷӣ» ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва ғолиби озмун шуда, пудратчии тасҳеҳи нақшаи  генералӣ интихоб гардид ва барои иҷрои корҳо ба маблағи 415 ҳазор $ бо шаҳрдории Душанбе қарордод ба имзо расонид.        Мувофиқ ба талаботи қарордоди мавҷуда ҶСШК «Гипрогор»-и шаҳри Москва лоиҳаи тасҳеҳи нақшаи генералии шаҳри Душанберо хамчун пойтахти давлати мустақил бо нуфуси то як миллион аҳолӣ таҳия намуда, ба баррасии фармоишгар – шаҳрдории Душанбе пешниҳод намуд. Зимни муҳокимаи лоиҳаи пешниҳодгардида аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дода шуд, ки тибқи тартиби ҷорӣ он ба баррасии васеи сокинони пойтахт гузошта шавад.        Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо ин мақсад шаҳрвандон имкон доранд, бо лоиҳаи мазкур тавассути сомонаи интернетии  шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj  ё худ дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев, 48 шинос гардида, таклифу пешниҳододи худро дар китоби қайди Сарраёсат сабт намоянд.

Декабрь 21, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад