МАБЛАҒИ БУНЁДИ НБО «РОҒУН» 2, 2 МИЛЛИАРД
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – НБО-и «Роғун» бо ҷалби маблағҳои буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳисоби маблағҳои саҳмияҳо ва сертификатҳои фурӯхташудаи ҶСК «НБО-и Роғун» сохта мешавад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи кишвар хабар доданд, тӯли нӯҳ моҳи соли ҷорӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» қариб 420 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Умуман, барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ шурӯъ аз соли 2007 то 2009 аз буҷаи давлатӣ 684,2 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. То ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба суратҳисоби ҶСК «НБО-и Роғун» 820,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Ҳамчунин, 25,1 млн. сомонӣ маблағ ба ин суратҳисоб чун кӯмаки молиявӣ ворид гаштааст. Саҳмияҳо ва сертификатҳои он асосан аз ҷониби аҳолӣ, муассисаю корхонаҳои давлатию шахсӣ харид шудаанд, ки ин 86% -и саҳмияю сертификатҳои амалишударо ташкил медиҳад. Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои буҷавӣ дар ин давра ба маблағи 46,5 млн. сомонӣ, ҳамчунин аз ҷониби бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкии ҶТ дар ҳаҷми 41,3 млн. сомонӣ саҳмия ва сертификатҳо харид шудаанд. Дар моҳҳои январ-июни соли 2010 барои кор дар сохтмони НБО-и «Роғун» 40 ташкилоти пудратӣ ҷалб гардид ва 65 шартнома ба маблағи 700 млн. сомонӣ ба имзо расонида шуд. Барои корҳои иҷрошуда 489 млн. сомонӣ маблағ сарф гардид, ҳамчунин ба маблағи 102,1 млн. сомонӣ таҷҳизоти техникӣ ва ба маблағи 8,5 млн. сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардидааст. Ёдовар мешавем, ки саҳмияҳои НБО-и «Роғун» аз 6 январи соли ҷорӣ ба маблағи 1,37 миллиард доллари ИМА бароварда шуданд. Аз ин ҳисоб 75%-и он ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ тааллуқ дорад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






