МАШВАРАТИ ПРЕЗИДЕНТ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА

Декабрь 14, 2010 15:24

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон   имрӯз,  14  декабри  соли  2010 бо  намояндагони  аҳли  ҷомеаи ҷумҳурӣ  машварат  орост.  Дар  ҷараёни он  лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи   масъулияти  падару модар дар тарбияи  фарзанд»  муҳокима  карда шуд.           Эмомалӣ  Раҳмон  дар  оғози  суханронии  худ  таъкид  кард : «Ҳамаи дастовардҳо,  корномаҳо,  мардонагӣ  ва  қаҳрамонии  фарзандони  халқи тоҷик,  бешубҳа,  натиҷа ва  маҳсули  ғамхорию  заҳмати  ҳамешагӣ ва шабонарӯзии  падарон  ва  модарони  мӯҳтарами  мо  мебошанд.  Зеро  ягон  кӯдак  бе тарбияи  дуруст,  бе  меҳру  муҳаббат  ва навозиш,  бе  дастгирӣ ва  фидокории  волидайн  инсони  комил  нахоҳад  гашт».           Сарвари  давлат  баъдан  зикр  кард, ки «Шахс дар  сурате метавонад ба пирӯзиву  комёбиҳо ноил мегардад, ки  агар  вайдуои  неки падару  модарро  гирад  ва  ба қадри  ранҷу  заҳмат ва  ғамхориашон расад».           Дар  суханронии Сарвари давлат  ба  проблемаҳои  таъмини  идомаи  анъанаҳои  беҳтарини маънавию  ахлоқӣ ва зебоишиносии  халқамон  диққати  асосӣ  дода  шуд, ки  аз насл  ба  насл  интиқол ёфта,  ба  мактаби  бузурги  таълиму тарбия, ахлоқи ҷомеа ва маънави шахс  табдил  ёфтаанд. Ин  натиҷаи заҳмату  ғамхории  ҳамешагии  падару модарон  мебошад. Таъкид  карда шуд, ки таълиму тарбия  дар  ҷараёни  хамоҳангии  се ниҳоди  иҷтимоӣ — оила, мактаб ва  ҷомеа  ба  амал  бароварда  мешавад.            Мутаассифона, баъзе  падару  модарон  тарбияи  бачагонро  вазифаи  мактаб  шуморида, ба  ин  проблема  аз  паси  панҷа  нигоҳ  мекунанд. Қисми  зиёди онҳо аз рафтору  ахлоқ  ва  хониши  фарзандонашон  дар  мактабҳо,  давомоти онҳо  ва  чӣ тавр  гузаронидани  вақти  фароғати  фарзандонашон  хабар  надоранд.           Бояд  ёдовар  шуд,  ки  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  бо  мақсади  фарогирии бештари  талабагон  бо таълим, ҳифзи  саломатии онҳо  ва  самарабахш  истифода бурдани  вақти таълим  соли  2008  қарори  махсус  қабул  карда буд. Мувофиқи он  талабагон  ва  донишҷӯён  аз  корҳои  саҳро, аз ҷумла  ҷамъоварии  пахта озод  карда шудаанд. Ҳадафи  қабули  қарори  мазкур таълими  бештар  ва  амиқтар  аз худ  кардани  донишҳои  муосир   мебошад.            Ҳифзи  манфиатҳои  бачагон  ва  масъулияти  волидайн  дар тарбияи онҳо   дар  моддаи  34  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ифода  ёфтааст. Қонуни  асосӣ  дар  навбати  худ  вазифаи  фарзандони  баркамол  ва  қобили  меҳнатро  дар  бораи  ғамхорӣ  ва таъминоти  моддии  волидайнашон  муқаррар  менамояд.              Президент Эмомалӣ  Раҳмон  ёдовар  шуд, ки Тоҷикистон  баъди  ба  даст  овардани  мустақилият  дар  байни  ҷумҳуриҳои  собиқи  шӯравӣ  аввалин  шуда  соли  1993   ба  «Конвенсия дар  бораи   ҳуқуқи  кӯдак» ҳамроҳ  шуд, ки 20  ноябри  соли  1989 ба  тасвиб  расонида шуда буд.              Дар  масъалаи  таълиму тарбияи  наврасону  ҷавонон  ва  калонсолон  дар  мамлакати  мо  бисёр  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ  қабул  шудаанд, ки  ҷанбаҳои  гуногуни  таълиму тарбияро  дар  бар  мегиранд. Вале, —  гуфт  Президент Э.Раҳмон, — дар  айни  ҳол  бо  назардошти   талаботи  ҷомеа  ва  аҳамияти  бузурги  таълиму тарбияи  насли  наврас  зарурате  ба  миён  омадааст, ки  доир  ба  ин  масъала  қонуни  махсус  қабул  карда шавад. Зеро  имрӯз, яъне  дар  замони  ҷаҳонишавии босуръати  проблемаҳои  башарӣ ва омезиши  арзишҳо, ки  нақшу  нуфузи  таълиму тарбия  ҳамчун  меъёри  иҷтимоӣ  ба  хотири  рушди  инсон  ва таҳкими  сармояи  зеҳнӣ  асоси  бунёди  ҷомеаи  навро ташкил  менамояд,  қабули  чунин  санади  муҳим  иқдоми  саривақтӣ  мебошад.           Бо  ин  мақсад  ва ба  хотири  боз  ҳам  баланд  бардоштани  масъулияти  падару  модар  дар таълиму тарбияи  фарзанд,  инчунин  худшиносиву  худогоҳӣ,  ватандӯстиву  ватанпарастӣ,  эҳтироми  арзишҳои  миллию  умумибашарӣ,  риояи  меъёрҳои  одобу  ахлоқи  ҳамида,  омода  сохтани  фарзандон  ба ҳаёти  мустақилона  ва  ба роҳи рост  ҳидоят  намудани онҳо  имрӯз  лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар  дар таълиму  тарбияи  фарзанд» ба  муҳокимаи  мардуми  кишварамон  пешниҳод  менамоям.            Лозим  мешуморам, ки мардуми  шарифи  Тоҷикистон  дар  муддати  дую ним моҳ  лоиҳаи  қонуни  мазкурро  муҳокима  намуда,  дархосту  пешниҳодоти  худро  дар  бобати  такмили  лоиҳаи  қонун ба Ҳукумат, Дастгоҳи  иҷроияи  Президент Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Вазорати  маориф, Маркази  миллии қонунгузорӣ,  кумитаҳои  кор  бо  занон ва оила,  ҷавонон, варзиш ва  сайёҳӣ, телевизион  ва радио,  инчунин  тавассути  васоити ахбори омма  пешниҳод намоянд. Сипас Президенти  ҷумҳурӣ  Э.Раҳмон  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ ва  ҳамаи ташкилоту  муассисаҳоро  новобаста  ба  шакли  моликияташон, инчунин  муассисаҳои  таълимӣ,  ҳар  оила ва ҷавононро  даъват  кард, ки дар  муҳокимаи  қонун  фаъолона  ширкат  варзида, пешниҳоду  мулоҳизаҳояшонро  ба  мақомоти  зикршуда фиристанд. Президенти  ҷумҳурӣ  ёдовар  шуд, ки  «Мо таҷрибаи  калони  қабули  қонунҳоро  бо  роҳи  муҳокимаи  умумихалқӣ  дорем». Ӯ дар  ин  бобат қонунро «Дар  бораи  танзими  анъана ва  ҷашну маросимҳои мардумӣ дар   Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  мисол  овард. Қабл  аз  оғози  машварат  лоиҳаи қонун ба иштирокчиёни он  тақсим карда шуд ва ҳозирон   мулоҳизаҳояшонро  дар  бораи он  баён  доштанд.                            

Декабрь 14, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад