МИЛЛАТГАРОИРО НАБОЯД ТАБЛИҒ КАРД
Маскав, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар доираи баргузории Конфронси байналмилалии «Ҷаҳони бемиллатгароӣ-вазифаи умумии башарият» раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб дода, аз ҷумла ҳодисаи ҷанде пеш дар майдони Манеж ба амал омадаро шарҳ дода, онро чун мубориза бо миллатгароӣ арзёбӣ намуд. «Зарур аст, ки ҳодисаи рӯйдода таҳлил ва сабабҳои ба амал омадани он омӯхта шуда, гунаҳгорон муҷозот шаванд, қайд намуд ӯ. Зимни ин ҳодиса ба амалиёте, ки ба барангезиши миллатҳо равона шудаанд, махсусан иҷозат дода нашудааст»…. Тибқи суханони С. Миронов танҳо бо ҷазо ва тадбирҳои манъкунанда ин масъаларо ҳал намудан номумкин аст. «Ба мо раванди маориф ва тарбияе зарур аст, ки дар саҳифаи китобҳо ва мафкураи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ғояи таблиғоти миллатчигиро роҳ надиҳад», — иброз намуд сардори Шӯрои Федератсияи Русия. С. Миронов изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи Қонуни намунавӣ ба муқобили миллатчигӣ, ки аз ҷониби Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба масоили инкишофи донишкадаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод гардидааст, аз ҷониби дигар давлатҳо бо хушнудӣ пазируфта мешавад. « Дар қонунгузории миллӣ дар ин ё он шакл меъёрҳои ҳуқуқие заруранд, ки шаҳрвандонро аз миллатгароӣ бояд эмин нигоҳ доранд. Накӯкорӣ, ҳамдилӣ ва эҳтиром ба якдигар зарур аст. Танҳо он вақт миллатгароӣ пешгирӣ ва маҳв мегардад»,-гуфт дар анҷом С. Миронов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






