МОДЕЛИ КИШОВАРЗИИ БЕХАТАР ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Чанде қабл асари олими шинохта, номзади илмҳои иқтисодӣ, профессор Нидоев Нозимҷон Фозилович бо номи «Модели кишоварзии бехатар дар Тоҷикистон» нашр гардид. Муаллиф қайд мекунад, ки рушди иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, дар роҳи таъмини истиқлолияти озуқавории кишоварзӣ на ба омилҳои беруна, балки ба омилҳои дохилӣ бештар вобаста мебошад. Маҳз аз ҳамин хотир, «кишоварзии бехатар» дар сатҳи соҳаи агросаноатӣ ҳамчун як қисми «иқтисоди нави миллӣ» арзёбӣ мешавад. Ба ақидаи муаллиф, мафҳуми нави «кишоварзии бехатар» барои пайдо шудани дигар мафҳумҳои нав, ба мисли «иқтисодиёти нав», «кишоварзии нав» шароиту имконият фароҳам меоварад, чунки маҳз кишоварзии бехатар ҳамчун омили асосии таъминоти истиқлолияти озуқавории кишвар хизмат намуда, таъмини он имконият медиҳад, ки аз истиқлолияти озуқаворӣ ҳарф занем. Пас чӣ бояд кард? Кишоварзии бехатар на танҳо боиси даромади зиёд ва доимӣ мегардад, балки дорои имконияти дар ҳама фаслҳои сол, дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ва бо ҳама намуди маводи озуқаворӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Таъминоти пурраи аҳолӣ бо масолеҳи кишоварзӣ хеле мушкил аст ва аз ин рӯ ба кишоварзии бехатар бояд ҳамчун ба ҳунар, санъат ва илм муносибат намуд. Ҳамчун ҳунар он бояд чун анъанаҳои ниёгон ба фарзандон гузарад. Яъне ин амал бояд ҳамчун «манифести миллӣ» аз насл ба насл гузарад. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ таъмини истиқлолияти озуқаворӣ барои Тоҷикистони камзамин, вале дорои қувваи зиёди корӣ, аз мушкилоти аввалиндараҷа ба шумор меравад. Бешак, ворид намудани технологияи муосир дар соҳаи кишоварзӣ барои худтаъминкунии озуқавории кишвар як қатор шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад, вале то ҳол ин самт кам таҳқиқ ва таҳлил шудааст. Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ сарчашма ва асоси ибтидоии ҳифз ва рушди тамаддуни инсонӣ мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






