МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ ДАР МАСКАВ
Маскав, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 9 декабри соли равон дар Маскав маҷлиси муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, лоиҳаи ҳуҷҷатҳои марбут ба бештар сохтани самаранокии низоми вокуниш дар вазъияти бӯҳронӣ, муқаррар намудани мақоми қувваю воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзо баррасӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни маҷлис инчунин лоиҳаи ҳуҷҷатҳоеро муҳокима хоҳанд кард, ки фаъолияти созмонро дар соҳаи ҳамкории ҳарбӣ, низомию техникӣ, амнияти иттилоотӣ ва ғайра танзим мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






