МУҲОКИМАИ МАСОИЛИ ТАБЪУ НАШР ДАР БОКУ

Декабрь 1, 2010 11:52

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров) – Ҷаласаи XV  Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нашриёти  даврӣ, таълифи китобҳо, паҳн намудани китоб ва  кори матбааҳо имрӯз дар шаҳри Боку ба кори хеш оғоз намуд.  Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, аъзои Шӯро рафти иҷрои қарорҳои пештар қабул намудаи худ, татбиқи Декларатсия  дар мавриди дастгирии китобҳо, Нақшаи чорабиниҳо дар соҳаи ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ барои солҳои 2009-2010, иҷрои   чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нашр ва паҳн намудани  китобҳо ва кори матбааҳоро мавриди   баррасӣ қарор  медиҳанд. Дар ҷаласа масъалаҳои ташкили шароити мусоид барои табодули маҳсулоти чопӣ, омодагӣ ба ҷашни 20 солагии ИДМ, ташкили озмуни муассисаҳои фурӯши китоби ИДМ, ҷамъбасти сессияи  IV Шӯрои табъу нашри китоби назди Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илм, баргузории  Форумҳои илмии « Китобнашркунии илмӣ ва фарҳанги китобӣ дар қаламрави ИДМ» ва «Фарҳанги китобӣ. Таҷрибаи гузашта  ва мушкилоти ҳозира», ки аз 23 то 25 ноябри соли 2010 дар шаҳри Маскав доир гардиданд, муҳокима мешаванд. Аъзои Шӯро  масъалаи ташкили мақомоти нашрии кишварҳои узви ИДМ-ро низ баррасӣ менамоянд. Дар ҷаласаи   дар шаҳри Боку баргузоршаванда як қатор масоили ташкилии фаъолияти  Шӯрои байнидавлатӣ матраҳ мегардад. Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯро пагоҳ   корашро ба итмом мерасонад.  

Декабрь 1, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд