МУАРРИФИИ БАРНОМАИ РУШДИ САЛОМАТИИ ҶАВОНОН ДАР РАШТ
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). -Нимаи дуюми рӯзи 29 декабри соли 2010 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мизи мудаввари минтақавӣ оид ба муаррифии Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, дастовардҳо ва дурнамо дар ин самт бо иштироки масъулини ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, атрофи мушкилот, дастовардҳо ва дурнамо оид ба татбиқи Барнома дар сатҳи минтақаи Рашт суханронӣ намуда, масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаро даъват намуданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари барнома дар солҳои 2011-2013 тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни мизи мудаввар бо Дастури методию иттилоотӣ оид ба татбиқи барнома дар солҳои 2006-2010 таъмин гардиданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






