МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО У. ЗАХИЛВОЛ
Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар») — 15 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки бо роҳбарии Вазири молияи ин кишвар Ҳазрат Умар Захилвол ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Ба ин ҳайат ҳамчунин Вазири фавоиди оммаи Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ, Вазири маодин Ваҳидуллоҳ Шаҳронӣ ва намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷӣ ва ва вазорати энерҷӣ ва манобеи оби ин кишвар шомил мебошанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, хусусан татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба самти афзали ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ, бунёди роҳҳои оҳану мошингард, боло бурдани қобилияти транзитии ду кишвар ва рушди тиҷорат зоҳир карда шуд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Тоҷикистон-Афғонистон, ки кашиданаш дар ҳудуди Тоҷикистон ба поён расидааст, дар Афғонистон низ то баҳори соли оянда бояд омода гардад. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






