МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ВАРЗИШГАРОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони кишвар мулоқот намуд. Дар мулоқот бо варзишгарон ҳамчунин аъзо ва вакилони ҳукумату парлумони мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, ҳайати роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони бонкҳо ва сохторҳои соҳибкорӣ низ иштирок намуданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз аҳамияти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар таъмини сиҳҳатии аҳли ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аз корҳои номатлуб дур намудани ҷавонону наврасон ёдовар шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар қувваозмоиҳои минтақавию ҷаҳонӣ изҳори сарфарозӣ карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки танҳо дар се соли охир онҳо дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, шарафи Ватани азизи худро ҳифз намудаанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти бештари варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, соҳикорону тоҷирон ва ҳамаи онҳоеро, ки имкони дасгирии ин соҳаро доранд, ба кўмакрасонӣ ба варзишгарони ояндадори кишвар ҳидоят намуд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то моҳи апрели соли 2011 барномаи нави рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои 5 соли оянда таҳия ва пешниҳод карда шавад ва таъкид гардид, ки дар он бояд бунёди варзишгоҳҳо, майдонҳо ва толорҳои ҳозиразамони варзишӣ ба нақша гирифта шавад. Дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёди толорҳои варзишии сатҳи олимпӣ ва як варзишгоҳи бузурги сатҳи байналмилалӣ ба нақша гирифта шавад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, толору майдонҳои варзишӣ ва варзишгоҳҳо тайи чанд соли оянда натанҳо дар марказҳои шаҳру навоҳӣ, балки дар ҷамоатҳо ва деҳаҳои калон низ бояд бунёд меёбанд. Дар қисмати дуюми мулоқот миёни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор як маҳфили озоду ошкори саволу ҷавоб баргузор шуд, ки зимни он наздики 50 нафар ба Сарвари давлат бо суолу дархостҳои худ муроҷиат карданд. Чунонки маълум шуд, соҳибкорони сершумор омодаанд, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо толорҳо ва маҷмааҳои варзишӣ бунёд намуда, ба ихтиёри ҳаводорони варзиш ва тарбияӣ ҷисмонӣ вогузоранд. Умуман мулоқот қариб 5 соат дар фазои ошкору самимият ҷараён гирифта, бо натиҷаҳои дилхоҳ ба поён расид ва умед аст, ки татбиқи амалии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минбаъдаи ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






