МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Нурсултон Назарбоевро бо ҷараён ва анҷоми босамари ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо табрику таҳният гуфта, аз раёсати Қазоқистон чун як кишвари минтақаи мо дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ изҳори хушнудӣ намуд. «Тоҷикистон ҳамеша аз ҳамаи тадбиру ташаббусҳое, ки кушодагии минтақаи моро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд, дастгирӣ мекунад», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз мўҳтаво ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон низ, аз ҷумла аз фаъол гаштани Фонди муштараки сармоягузорӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хўрокворӣ ва кўҳкорӣ, дар истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва бунёди нерўгоҳҳои хурду миёнаи обӣ дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки то баргузории қарибулвуқуи Шўрои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон созишномаҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузорӣ омода мегарданд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






