МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ

Декабрь 2, 2010 13:35

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Нурсултон Назарбоевро бо ҷараён ва анҷоми босамари ҳамоиши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо табрику таҳният гуфта, аз раёсати Қазоқистон чун як кишвари минтақаи мо дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ изҳори хушнудӣ намуд. «Тоҷикистон ҳамеша аз ҳамаи тадбиру ташаббусҳое, ки кушодагии минтақаи моро ба ҷаҳониён нишон медиҳанд, дастгирӣ мекунад», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз мўҳтаво ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон низ, аз ҷумла аз фаъол гаштани Фонди муштараки сармоягузорӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои  саноати сабук, хўрокворӣ ва кўҳкорӣ, дар истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва бунёди нерўгоҳҳои хурду миёнаи обӣ дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки то баргузории қарибулвуқуи Шўрои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон созишномаҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузорӣ омода мегарданд. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 2, 2010 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад