МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАРЗИШГАРОН

Декабрь 20, 2010 09:28

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Ин лаҳзаҳо дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ва масъулини соҳа ҷараён дорад. Дар ин мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш масоили кунунӣ ва дурнамои рушди варзиш дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, бо варзишгарони мамлакат мулоқоти озоду ошкоро анҷом медиҳад.             Мавриди зикр аст, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистон сол то сол рушд мекунад, ки иштирок ва ишғол намудани ҷойҳои намоёни варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гувоҳи он аст.   

Декабрь 20, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад