МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ХУҶАНД БО БО ДОНИШҶӮЁН

Декабрь 21, 2010 16:57

   Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар толори маҷлисгоҳои  Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов бо донишҷӯёни хуҷандӣ, ки дар макотиби олии пойтахт таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод. Аз маркази таҳлил ва иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки С. Мирхолиқов роҷеъ ба бурду бохти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хуҷанд, заҳмати аҳлонаи хуҷандиён баҳри истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагию бунёдкорӣ, нақши ҷавонон дар рушди ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва вазифаҳое, ки аз суханронии Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон дар мулоқот бо варзишгарони  мамлакат бармеояд, сухан ронд. Иштирокдорони мулоқот ба раиси шаҳр аз боби имкониятҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, татбиқи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ дар фаъолияти шаҳрдорӣ пурсон шуданд ва ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Раиси шаҳр аз ҷавонони хуҷандӣ — муҳассилини донишкадаю донишгоҳҳо даъват ба амал овард, ки хуб хонанд, асосҳои илму донишро азхуд намоянд ва минбаъд ҳамчун мутахассисони соҳибмаълумот саҳмгузори равнақу шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гарданд. Дар фарҷом ба 70 нафар донишҷӯёни пешқадам идрорпулии яквақтаи раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Декабрь 21, 2010 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад