НАҚЛИЁТ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

Декабрь 21, 2010 09:12

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти кормандони масъули Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2010 тавассути тамоми намудҳои нақлиёти  мусофиркашони вазорату идораҳо, корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ, ки бо роҳхат кор мекунанд, ҳамчунин нақлиёти Ассосиатсияи байналхалқии «АВВАТ» 491 млн. 834 ҳазор мусофир  кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 112 фоизро ташкил медиҳад.    Аз ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ бо нақлиёти истифодаи умум  234 млн. 415 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки  47 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашониро дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.    Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, дар моҳҳои январ — ноябри соли 2010 мусофиркашонӣ тавассути  нақлиёти таксомотории сабукрав нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 543 ҳазор ё се баробар зиёд    шудааст.    

Декабрь 21, 2010 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад