НАХУСТСЕМИНАРИ МИЛЛӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ МАВОДИ МУХАДДИР
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 7 декабр дар Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба пешгирии паҳншавии маводи мухаддир (CADAP-5), ҳамчунин, бо мақсади муттаҳидии вазорату идораҳои ҳавасманди Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин семинари миллӣ дар мавзӯи «Ҳисоботи стандартии рушди дарозмуддати соҳаи иттилоот оид ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон» ба кори худ шурӯъ намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентӣ иттилоъ доданд, семинари мазкур барои кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ, Маркази миллии мониторинг ва пешгирии истеъмоли маводи нашъадор, Маркази наркологии ҷумҳуриявӣ ва дигар идораҳои зертобеи Вазорати тандурустии ҶТ, ҳамчунин, ВКД, Хадамоти адлия ва гумруки ҶТ ташкил шудааст. Мақсади асосии баргузории семинар ҷамъоварии иттилоот, ташкили ҳисоботи ҳарсола оид ба масъалаи ҳолати нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа мувофиқ бо стандарти байналмилалӣ, аз ҷумла, пайдо намудани ҳамкории стратегӣ дар ин самт мебошад. Пагоҳ семинар кори худро идома медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






