НАМОИШИ КИТОБҲО ДАР СУҒД
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд намоиши китобҳо дар мавзӯъи «Инсон ва ҳуқуқи башарият» баргузор гардид. Асарҳои олимони соҳаи ҳуқуқ Ф. Тоҳиров «Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон», С. Болтуев «Ҳуқуқи мунитсипалӣ», М. Маҳмудов «Қонун –кафолати осоиши ҷомеа», санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва чандин асарҳои дигар ба намоиш гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки зарурияти таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи мунтазами қонуну қарорҳои қабулшуда ва ба ин васила такмили сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии мардум имрӯз ҳам яке аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаби ҷомеа мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






