НАШЪАМАНДУ ҶИНОЯТКОР ТАРБИЯ НАКУНЕМ

Декабрь 21, 2010 14:45

           Файзобод, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова ). — Тавре ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  раиси  дастгоҳи  ноҳияи  Файзобод  Сафарбек  Партоев иттилоъ  дод, ҳар  як  қарору қонуне, ки  аз  ҷониби  Президенти  кишвар баррасӣ  мегардад,  сари  вақт  аз  ҷониби  масъулини  ноҳияи  Файзобод  дастгирӣ меёбад.  Айни  замон  дар  тамоми  ташкилоту  муассисаҳо,  мактабҳо, ҷамоату  деҳот оид  ба  лоиҳаи  Қонуни  «Дар  бораи масъулияти  падару  модар  дар тарбияи  фарзанд» раиси  ноҳия  Абдулло  Ҳакимов  дар  якҷоягӣ бо   масъулини  ноҳия  вохӯриҳо   доир  гашта истодаанд.           Сафарбек  Партоев  афзуд, ки  баррасии  ин  қонун  масъалаи  ҷиддию  саривақтӣ  буда,  падару  модаронро  ҳушдор  медиҳад, ки ба тарбияи  фарзанд  эътибори  ҷиддӣ  диҳанд,  чунки  солҳои охир  аз беаҳамиятии баъзе  падару  модарон  фарзандони  ноболиғи мо  даст  ба нашъамандию  ҷинояткорӣ ва  корҳои  зишт мезананд. Дар   тамоми  вохӯриҳо мудири  маориф,  омӯзгорони  мактабҳо,  падару  модарон, инчунин,  хонандагони  мактабҳо  иштирок  менамоянд  ва  дастурҳои  Президенти  кишварро  дар  амал татбиқ менамоянд, гуфт  дар  анҷом  раиси  дастгоҳи  ноҳия.    

Декабрь 21, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад