НБО-И «САРБАНД» ПУРРА АЗ ТАЪМИР БАРОМАД

Декабрь 14, 2010 15:21

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ин рӯзҳое, ки даҳаи дуюми моҳи аввали фасли зимистон сипарӣ мегардад, дар НБО-и кишвар корҳои омодагӣ барои зиёд намудани иқтидори истеҳсолии ин нерӯгоҳҳо бо мақсади таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо нерӯи  барқ дар давраи зимистони имсола ҷараён доранд.     Ғайр аз ин дар НБО-и «Сарбанд» таъмири пурраи агрегати гидравликии рақами 4 анҷом ёфта, зеристгоҳи автоматикии нерӯгоҳ иваз   гардид.    Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҶСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд.  Тибқи иттилои манбаъ азнавсозии НБО-и Қайроққум,  Норак ва Маркази барқу гармидиҳии Ёвон имкон дод, ки ба таври илова боз 400 мегаВатт  нерӯи барқ истеҳсол шавад.   Ғайр аз ин барои гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар  силсиланерӯгоҳҳои Вахш ва системаи барқдиҳии шаҳри Душанбе маблағи муайян ҷудо гардидааст.       

Декабрь 14, 2010 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд