НЕРӮГОҲИ ХУРДИ БАРҚӢ ДАР СИЯҲГУЛАК
Нуробод, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов). – Дар деҳаи Сияҳгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод аз тарафи сокини деҳаи мазкур, соҳибкор Ғаюр Ашӯров нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 40 киловатт–соат ба истифода дода шуд. Бо шарофати мавриди истифода ќарор гирифтани ин нерўгоњ ҳамаи хонаҳои деҳаи Сияњгулак, мактаби таҳсилоти миёнаи деҳа ва бунгоҳи тиббї тамоми фасли сол бо нерўи барқи доимӣ таъмин мешаванд. Соҳибкор Ғаюр Ашӯров тасмим гирифтааст, ки дар поёни ин нерӯгоҳи сохташуда сохтмони боз як нерӯгоҳи обии дигарро бо иқтидори 100 киловатт–соат маблағгузорӣ намояд,– иброз дошт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ноҳияи Нуробод Сайидамир Сиёмардов. Аз кори неки ин марди саховатманду хайрхоњ сокинони деҳа миннатдор буда, умед доранд сафи чунин сахопешагон зиёдтар гардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






