НИГАРОНИИ САРВАРИ ДАВЛАТ АЗ ТАБЛИҒИ ВАРЗИШ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — «Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст. Ин аст, ки имрӯзҳо кӯшиши давлат барои рушд ва таъмини моддии инфрасохтори фарҳанг, китобхона, нашри адабиёти таълимӣ, бо технологияи компютерӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, хусусан муассисаҳои варзишӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ нигаронида шудааст», — таъкид намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 20 декабр, зимни мулоқот бо варзишгарон ва масъулини соҳа. Ӯ афзуд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин, барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Дар воқеъ дар ҳамаи давру замонҳо варзиш барои инсоният аҳамияти хоса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солими ҷомеа аст. Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, ба хотири ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонон ва омода сохтани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мунтазам ғамхорӣ менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки яке аз омилҳо то ба дараҷаи кофӣ густариш наёфтани соҳаи варзиш дар кишвар — сатҳи пасти таблиғи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори умум мебошад. «Дар шароити имрўза ҳарчи бештар ва ҳадафноку пурмўҳтаво ташвиқ намудани варзиш ва аҳамияти бузурги он ба насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад, ғайрату қувват ва азму иродаи онҳоро ба самти зарурии ҳаётӣ равона месозад», — тазаккур дод Президент.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






