НОМАИ СИПОСИ ЗОЙИРИНИ СУҒД БА ҲУКУМАТИ КИШВАР

Декабрь 8, 2010 14:34

Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  «Мо, ҳоҷиёни мавсими «Ҳаҷ-2010» аз вилояти Суғд, тавассути номаи мазкур бо арзи эҳтиром ва камоли қаноатмандӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса ба Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили ин маъракаи басо муҳими динӣ, яъне ҳаҷ миннатдории самимонаи хешро баён менамоем», — омадааст дар номаи сипоси 97 нафар ҳоҷиёни вилояти Суғд унвонии раиси вилоят Қоҳир Расулзода. Дар сипоснома омадааст, ки: «Маросими мазкур, ки панҷумин аркони Ислом маҳсуб мешавад ва адои он барои ҳар як мусулмон фарз аст, барои зоирони тоҷик дар шароити хеле мусоид ва амну оромӣ сурат гирифт, ки ин бешак яке аз неъматҳои беназири Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат мебошад». Маҳз Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки садҳо ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ тайи ин солҳо ба зиёрати Хонаи худо шарафёб гаштанд ва бо сидқу вафо дар ҳаққи ватани маҳбуб сулҳу ваҳдати саросари кишвар дуои нек ба ҷо оварданд. Қобили тазаккур аст, ки аз нав таъсис ёфтани Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон башорати тоза аст. Тавассути фаъолияти мураттаби кормандони Кумитаи мазкур дар давоми ин моҳ ҳоҷиёни кишвар чи дар Маккаи мукаррама ва чи дар Мадинаи мунаввара дар шароити хеле мусоид бо тоату ибодат машғул буданд. Дар Машоъири муқаддаса — Мино, Арафот ва Муздалифа низ аз ҷониби масъулони Кумита ҳамаи ҳолатҳои зарурии маишӣ-нақлиёт, хизматрасонии тиббӣ, хӯрду хӯрок, хаймаҳои барҳаво ва равшану салқин омода карда шуданд ва ҳоҷиён тавонистанд бе душворӣ маносики ҳаҷро ба пуррагӣ иҷро намоянд. «Мо, ҳоҷиёни вилояти Суғд, бо дарки масъулияти ба дӯш гирифтаамон ва эҳтироми хосса дасти дуо бардошта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ва ба Шумо, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода сиҳатмандии комил, рӯзгори осуда ва барори кор таманно намуда, эшонро мутмаъин месозем, ки минбаъд дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, тарғиби сулҳу ваҳдат ва осоиштагиву ҳаёти солим, пешгирии гаравидани ашхоси алоҳида ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, истифодаи таълимоти ислому аркони шариат ва аҳодиси набавӣ дар тарбияи ҷомеа, таъмини ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳем буд», – омадааст дар поёни сипоснома. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд итилоъ доданд.

Декабрь 8, 2010 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад