ОЗМУНИ БОЗГӮКУНАНДАИ ҲУСНИ ДИЁР

Декабрь 13, 2010 16:40

   Душанбе,  13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). –  Бо  мақсади  нишон додани  омодагӣ ва таҷлили  ҷашни фархундаи  20 – солагии  Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон ва  бештар ҷалб  намудани  таваҷҷӯҳи  сокинони кишвар ба  зебоии  сарзамини Тоҷикистон,  баланд  бардоштани ҳисси  ватандӯстиву  ватанпарастӣ, меҳру  муҳаббати онҳо  ба  Ватан ва  табиати  зебои  он, инчунин  санъати аккосӣ  Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  байни  суратгирони  касбӣ  ва  журналистони суратгир  таҳти  унвони «Ҳусни  диёри  маҳбуб»  озмун  эълон  намуд. Озмун  аз 1  январи  соли  2011 оғоз  ёфта,  то 1  апрели соли 2011 идома  меёбад.  Суратгирони  касбӣ ва  журналистони  суратгире, ки дар  озмуни  мазкур  хоҳиши иштирок доранд, метавонанд сурати манзараҳои табиӣ,  иншооти  нодири  дорои аҳамияти  таърихиву фарҳангӣ ва  иқтисодиву  иҷтимоии кишварро  аккосӣ  намуда,  инчунин, расмҳоеро, ки  қаблан аккосӣ  кардаву  вале онро   дар  воситаҳои  ахбори  умум чоп  накардаанд ё  ба  намоишгоҳҳо нагузоштаанд,  дар  қоғази  андозааш 12Х15 см.  ба таври  ранга  даҳ  ададӣ чоп  карда,  якҷо бо  шакли  электрониаш ба  ҳакамони  Озмуни ҷумҳуриявӣ  ба  суроғаи  зерин  пешниҳод намоянд: 734025, шаҳри  Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ — 34, Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ба Озмуни ҷумҳуриявии  суратгирон «Ҳусни  диёри маҳбуб», тел. 223- 14 – 74. Барои ғолибони  озмун  шаш  мукофот  муқаррар  гардидааст: — барои  як ҷои якум – 4 (чор) ҳазор  сомонӣ; — барои ду  ҷойи  дуюм – 4 (чор) ҳазор сомонӣ,  яъне  ба  ҳар  кадом 2  (ду) ҳазор  сомонӣ ; — барои  се  ҷойи сеюм  — 3 (се)  ҳазор  сомонӣ, яъне  ба  ҳар  кадом 1 (як) ҳазор  сомонӣ; — барои ҳавасмандгардонӣ — 1 (як) ҳазор  сомонӣ.   Ба  таваҷҷӯҳи  иштирокчиён мерасонем, ки  дар  ҷараёни  баргузории  озмун  суратҳои   беҳтарини  пешниҳодгардида дар  марказҳои  фарҳангии пойтахти  кишвар  ба намоиш гузошта  мешаванд, ҳамчунин  аз тариқи  воситаҳои  ахбори умум  ва телевизион интишор мешаванд.

Декабрь 13, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад