ПАРДОХТИ НАФАҚА ТАВАССУТИ КОРТҲОИ БОНКӢ
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсат ва кормандони Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» то 15 -уми ноябри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои 57 ҳазору 542 нафар нафақагирони шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро барои пардохти нафақа тавассути корти бонкӣ омода намуданд. Тибқи маълумоти омории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шумораи умумии нафақагирони шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар моҳи ноябр 58 ҳазору 638 нафарро ташкил дод. Тибқи барномаи қабулшуда, ҳамаи нафақагирон бояд то охири сол бо кортҳои пластикии бонкӣ таъмин гарданд. То моҳи ноябр Агентии ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои 58 ҳазору 558 нафар нафақагиронро ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» барои омода намудани кортҳои пластикии бонкӣ пешниҳод намудааст. Тибқи маълумоти охирин, «Амонатбонк» 33 ҳазору 313 корти пластикии бонкиро омода сохта дастраси нафақагирон гардонидааст. Кормандони «Амонатбонк» кӯшиш доранд то охири соли ҷорӣ ҳамаи нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлобро бо кортҳои пластикӣ таъмин намоянд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






