ПАРЛУМОН АҲДНОМАРО ТАСДИҚ КАРД

Декабрь 29, 2010 14:49

       Душанбе, 29 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи  «Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо»-ро  29 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ карданд.     Муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии  шомил шудани Тоҷикистон ба ин Аҳднома, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони байналмилалии тиҷорат мебошад.       Аҳдномаи мазкур пешгирии истифодаи ғайриқонунии асар, видеою фонограммаҳо тавассути шабакаи иттилоотии Интернет ва ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифон, иҷрогарон ва истеҳсолкунандагони фонограммаҳоро ба танзим медарорад. Ҳамзамон, Аҳднома ҳимояи манфиатҳои истеҳсолгарон ва иҷрогарони фонограммаҳоро ҳангоми истифодаи онҳо дар шакли рақамӣ ҳифз менамояд.  

Декабрь 29, 2010 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад