ПАРЛУМОН КОНВЕНСИЯРО ТАСДИҚ КАРД
Душанбе, 22 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя 22 декабр дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ гардид. «Мақсади Конвенсияи мазкур бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария аст», гуфт вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов. Мавсуф зикр кард, ки Конвенсия ҷиҳати афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, байниҳамдигарӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муассир мебозад. Алҳол, муносибатҳои иқтисодӣ ва гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария моро қонеъ гардонида наметавонад, афзуд вазир. Аз ин рӯ, мо бояд оид ба муносибатҳои иқтисодиамон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба ҳамкории мутақобилаамон вусъати тоза бахшем. Бояд зикр кард, ки ба тасвиб расонидани Конвенсияи мазкур имконият медиҳад, ки андоз аз даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад. Инчунин, ба рушди минбаъдаи иқтисодӣ, афзоиши савдои байниҳамдигарӣ, сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом мусоидат менамояд. Чунин созишномаҳоро Тоҷикистон бо 20 кишвари ҷаҳон ба имзо расонидааст. Лоиҳаи Конвенсияи мазкур бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2009 маъқул дониста шуда, баъдан соли 2010 дар шаҳри Душанбе ба имзо раснидааст








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






