ПЕШГИРИИ СИРОЯТИ ВНМО/БСҶ ДАР СПИТАМЕН

Декабрь 15, 2010 17:22

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ноҳияи Спитамен бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ва дастгирии Хазинаи кӯдакони CММ (ЮНИСЕФ) дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти саломатии ҷавонон»  ва «Амали омӯзгорон баҳри беҳдошти саломатии наврасон» оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонони осебпазири 14-25 сола ҷиҳати рафтори хатарноке, ки метавонад ба сироятшавии  ВНМО/БСҶ оварда расонад ва аз тарафи онҳо гирифтани ёрии пешгирикунанда, рӯҳӣ-иҷтимоӣ  ва тиббии махфӣ  маҷлиси гурӯҳи амалӣ  баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят, раёсат ва шӯъбаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мутахассисони бахши ҳуқуқи кӯдакон  иштирок намуданд.  Дар ҷаласа оид ба ҳадафҳои ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» ва бобати вазъи саломатии наврасон дар вилояти Суғд маърӯзаҳо шунида шуд. Чорабинии мазкур баҳри саривақт маълумотнок гардонидани хонандагони синфҳои миёна ва болоӣ дар бораи рафторе, ки метавонад ба сироятшавии ВНМО/БСҶ оварда расонад, ҳамзамон сафарбар ва ҳамроҳӣ кардани онҳо  ба шӯъбаҳои ташкилоти маҳаллии ҷавонон бо роҳи мустаҳкам намудани савия ва дониши маъмурият ва омӯзгорони мактабҳои миёна роҷеъ ба тарғиб ва ташаккули тарзи ҳаёти солим  мусоидат менамояд.        

Декабрь 15, 2010 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад