РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФАЛСАФА
Душанбе, 3 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мегардад, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири илми фалсафа» баргузор шуд, ки дар он олимону донишмандон ва файласуфони кишвар ҳузур доштанд. Дар конфронс доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Олимов, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Абдувоҳид Шамолов ва дигар олимону донишмандон доир ба масъалаҳои мубрами илми таърихи фалсафа дар даврони муосир, илми фалсафаи имрӯза дар Тоҷикистон, мақоми риторика ва дигар паҳлӯҳои илми фалсафа ибрози назар карданд. Ба андешаи директори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои кишвар Абдувоҳид Шамолов, ҷиҳати баланд бардоштани афкори фалсафии ҷомеа Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба номи Баҳоуддинов корҳои шоёнро ба анҷом мерасонад. Аз ҷониби олимону кормандони Пажӯҳишгоҳ доир ба таълимоти фалсафа адабиёту китобҳо барои хонандагони мактабҳои олӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон омодаи чоп шудаанд. Ҷилди якуми таърихи фалсафаи тоҷик омодаи чоп гардидааст. Конфронс дар бахшҳои анъанаҳои ақлгароӣ дар таърихи фалсафаи Шарқ ва Ғарб, омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва таъсири онҳо ба афкори фалсафаи муосир ҷараён гирифта, иштирокдорони конфронс роҷеъ ба мавзӯъҳои зикргашта табодули назар карданд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 2002 бад- ин сӯ бо Қарори ЮНЕСКО ҳар сол 3 декабр дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи фалсафа таҷлил мегардад. Конфронси мазкур бо ибтикори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Фонди байналмилалии ба номи Фридрих Эбберт /Олмон/ созмон дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






