РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФАЛСАФА

Декабрь 3, 2010 11:35

          Душанбе, 3 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии фалсафа, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мегардад, дар Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири  илми фалсафа»  баргузор шуд, ки дар он  олимону донишмандон ва файласуфони кишвар ҳузур доштанд.          Дар конфронс доктори илмҳои фалсафа Кароматулло Олимов, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Абдувоҳид Шамолов ва дигар олимону донишмандон доир ба масъалаҳои мубрами  илми таърихи фалсафа  дар даврони муосир, илми фалсафаи имрӯза дар Тоҷикистон,  мақоми риторика ва дигар паҳлӯҳои илми фалсафа ибрози назар карданд.          Ба андешаи директори Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои кишвар Абдувоҳид Шамолов,  ҷиҳати баланд бардоштани афкори фалсафии ҷомеа Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба номи Баҳоуддинов корҳои шоёнро ба анҷом мерасонад. Аз ҷониби олимону кормандони Пажӯҳишгоҳ доир ба таълимоти фалсафа адабиёту китобҳо барои хонандагони мактабҳои олӣ  ва ҷомеаи Тоҷикистон омодаи чоп шудаанд. Ҷилди якуми таърихи фалсафаи тоҷик омодаи чоп гардидааст.              Конфронс дар бахшҳои анъанаҳои ақлгароӣ дар таърихи фалсафаи Шарқ ва Ғарб, омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва таъсири онҳо ба афкори  фалсафаи муосир ҷараён гирифта, иштирокдорони конфронс  роҷеъ ба мавзӯъҳои зикргашта табодули назар карданд.            Мавриди зикр аст, ки аз соли 2002 бад-  ин сӯ бо Қарори ЮНЕСКО ҳар сол 3 декабр дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи фалсафа таҷлил мегардад. Конфронси мазкур бо ибтикори  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва Фонди байналмилалии ба номи Фридрих Эбберт /Олмон/ созмон дода шуд.    

Декабрь 3, 2010 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд