РАИСИ ШАҲР БА ИНТИХОБКУНАНДАГОНАШ ЧӢ ГУФТ?

Декабрь 20, 2010 09:14

Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ №25- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо интихобкунандагон баргузор гардид.      Дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев интихобкунандагонро доир ба татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт  шинос намуд. Зимни саволу посухҳо дар мавриди ҳалли муроҷиатҳои баррасишуда интихобкунандагон аз вакили худ изҳори сипос намуданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи аҳли нишастро ба ширкати фаъолона дар муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб намуда, гуфт,  ки бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои мукаммалсозии лоиҳаи қонун  бо ибтикору саҳмгузорӣ ба ташаббусҳои созанда, нақши муассир гузоранд.     Шавкат Саидов,  котиби матбуотии Раиси  шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки мулоқот дар доираи иҷрои муқаррароти қарори дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор гардид. Тибқи муқаррароти ин қарор бояд ҳар  як вакил қабл аз баргузории иҷлосияҳо бо интихобкунандагони худ  вохӯриҳо анҷом диҳад.

Декабрь 20, 2010 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад