РАВОБИТИ ПАРЛУМОНӢ НЕРӮИ ТОЗА МЕГИРАД

Декабрь 7, 2010 16:28

Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои рушди ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон зимни мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Мамадшо Илолов бо узви Палатаи Лордҳои Британияи Кабир, аъзои Гурӯҳи Британиявии Иттиҳоди Байнипарлумонӣ  баронесса Вивен Стерн  дар Душанбе баррасӣ гардид.     Назар ба иттилои ёвари Раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов мусоҳибон дастовардҳои ҷомеаи Тоҷикистони навинро дар самти волоияти қонун умедбахш маънидод карданд.        Баронесса Вивен Стерн, боздиди мазкурро самараи нахустин сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Британияи Кабир арзёбӣ  намуда, гуфт, ки  парламентарҳои кишвараш ҷиҳати тавсеаи робитаҳо бо Тоҷикистон баҳри ҳамкории мутақобилан судманд тадбирҳои воқеиро амалӣ менамоянд. Вобаста ба ин 30 ноябри соли 2010 дар Палатаи Лордҳои Британияи Кабир зимни муколамаи парлумонӣ масоили марбут ба муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мавриди таваҷҷӯҳ ва боэътимод матраҳ карда шуд ва бешубҳа соли 2010- ро метавон соли таҳкимбахшии робитаҳои байнипарлумонӣ  унвон кард.        Мамадшо Илолов шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Раисони палатаҳои Лордҳо ва Обшини парлумони Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ баён дошта, аз омодагиҳо дар бахши ҳамкорӣ дар доираи масоили фарогири Меморандуми амалкунанда миёни гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ҷонибҳо таъкид намуд.  

Декабрь 7, 2010 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад