РУШДИ ТУРИЗМРО АЗ БАЛӢ БОЯД ОМӮХТ

Декабрь 17, 2010 15:59

      Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Раёсати ҷазираи Балӣ омода аст, ки ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати густариши соҳаи туризм кӯмак намояд», гуфт зимни мулоқоташ  Губернатори Балӣ Мадэ Мангку Пастика бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.     Дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Индонезияро дар бахши туризм баррасӣ намуда, таъсиси корхона ва ширкатҳои муштараки туристиро дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар пешниҳод намуданд.    Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир ба захираҳои бойи туристии Тоҷикистон изҳори назар кард. Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон дар бахши туризм то кунун таҷрибаи кофӣ касб накардааст ва барои рушди он ба дастгирӣ ва кӯмаки ҳамкасбони индонезии худ ниёз дорад. Аз  ин рӯ, Ш. Зуҳуров афзуд, ки Тоҷикистон ва Индонезия имкон доранд, ки созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи туризмро ба имзо расонанд.       Губернатори Балӣ Мадэ Мангку Пастика гуфт, ки раёсати ҷазираи Балӣ омода аст ба ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати рушди туризм  кӯмак ва ҳамкорӣ намояд.         Мавриди зикр аст, ки ҷазираи Балӣ 4 миллион аҳолӣ дошта, ҳамасола ба ин минтақа 7 миллион сайёҳ ташриф меорад.

Декабрь 17, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард